(30.05.2012) Валиҷон Азизов: Ману Ҷонибек рақиб нестем

· ШОУ-БИЗНЕС

Валичон Азизов 2012

Аслан ҳар як инсон дар зиндагӣ худ мўъҷизаи нотакрори офаридаи Худованд аст. Аммо боз инсонҳое ҳастанд, ки  бо рангу ҷилои ғайриоддии худ аз дигарон фарқ мекунанд ва  ҷозиба доранд, ки мардумро сўяшон моил мекунанд. Валиҷон Азизов аз зумраи чунин истеъдодҳост, ки тўли фаъолияти 10-солаи ҳунарии хеш садҳо нигоҳҳо ва ақлҳоро сўяш хондааст. Ўро мардум дар гурўҳи ҳунарии “Эҳсон” хеле гарм пазируфта буданд. Айни замон Валиҷон дар алоҳидагӣ фаъолияти хешро пеш мебарад ва муваффақ низ шудааст. Имрўз нафареро пайдо карда намешавад, ки ҳангоми замзамаи суруди “Гулбону”-и ў ором нишаста тавонад. Сурудҳои ошиқонаи Валиҷон дар байни ҷавонон мўд шудааст, зеро ки суруди ишқ аст,  ки мўъҷизаи асрори муҳаббатро  ба рўйи онҳо  боз мекунад ва касро боз ҳам ошиқтар месозад. Гарчи Валиҷон зимни сўҳбат хоксорона худро як нафар инсони хокӣ номид, вале ман фикр мекунам, ки садои ў овози як инсони заминӣ набуда, балки садоест аз дуриҳои дур. Айни замон Валиҷон Азизов сокини Душанбешаҳр аст ва фаъолияти ҳунарии ў аз соли 2012 сар карда дар маркази фарҳангу ҳунар – Душанбе оғоз гардидааст.

-Салом Валиҷон, сокини пойтахт шуданатон  муборак бошад! Мухлисони душанбегиатон хеле шоду масруранд, ки ниҳоят ҳунарманди маҳбуби дилашон бо онҳо наздиктар гашта имкони дидорро барояшон мусоидтар намудааст.

-Саломат бошед, сипосгузорам аз қадрдонии эшон. Ба онҳо низ паёми пурмуҳаббати маро ирсол намоед.

-Як хонандаи мо мепурсад, рост аст, ки  Валиҷону Ҷонибек рақибони сахт ҳастанд?

-Албатта ин гапи дурўғи маҳз аст. Ману Ҷонибек ҳеҷ гоҳ  рақибони сахт буда наметавонем.  Зеро мо қариб, ки  якҷоя ба воя расидаем ва нону намаки ҳамдигарро зиёд хўрдаем. Мо аз зумраи он нафароне нестем, ки намак хўрда намакдонро бишканем.  Дар Душанбе низ ҳамеша якҷоя ҳастем ва бо ҳам наздику қаринем. Дар ҷодаи ҳунар низ ҳамдигарро дастгирем ва аз пешравии якдигар сарбаландем.

-Нисбат ба равияи РЭП ва сарояндагони он чӣ гуфта метавонед?

-Рэп чизи хуб аст. Аммо аслан моли мо нест ва хоси аврупоиён аст. Баъзан агар диққат диҳед, суханҳое, ки дар он гуфта мешава,  ҳатто хандаовар аст.

-Шояд ба ҳоли забони тоҷикӣ ҳатто гиря ҳам биёяд?

-Шунавандагони он низ ҷавононанд ва як зумра наврасон мумкин аст ба якдигар тақлидкунон рэп гуш мекунанд. Зеро дар байни наврасон мўд гаштааст рэп.

-Шумо чаро бо сарояндагони ҷинси латиф дуэт намесароед. Аз рашки занатон метарсед?

-Чунин ниятҳо низ ҳастанд албатта. Сабаби бо ягон бону дуэт нахонданам шояд дар он аст, ки ман духтари мувофиқи дил ва  садои худро пайдо накардаам. Агар пайдо шавад, ҳатман ин пешниҳоди шуморо ба иҷро мерасонам.

-Шумо худро дар саҳнаи эстрада ситора гуфта метавонед?

-Мо ҳамеша инсони хокӣ ҳастем. Кадршиносии мардум,муҳаббати халқ моро  беҳтарин унвону  маснад аст. Макони ситораҳо само аст. Мо инсонҳои заминӣ ҳастем. Дар олами санъат роҳи ҳар кас ба худаш хос аст. Санъат як чизи нозук аст ва солҳои зиёд дар рўйии он нигоҳ доштани мавқеи баланд на ҳар касро насиб мегардад ва кори саҳл ҳам нест.

-Шумо даҳ сол пеш аз медонистед, ки чунин шўҳрат  насибатон мегардад?

-Аз соли 2002 инҷониб, аввал  бо гурўҳи «Эҳсон»  ва дар алоҳидагӣ дар руйи саҳна ҳастем  ва  он замон мардум моро  шинохта дар дили худ ҷой дода буд ва фикр мекунам худи он замон шўҳрат моро думболагирӣ карда буд. Собиқаи хунариам аллакай даҳ сол шудааст. Даҳ сол пеш  ҳам дар пайи ҷустуҷўву талош будем, имрўз ҳам ҳамеша кўшиш мекунам, ки як тарона ва мусиқии нав пайдо намуда, хотири ҳаводорони хешро шод гардонам.

-Яъне хоббии шумо ҳамеша  эҷоди суруди  наву тозае аст?

-Бале, хоббии ман суруди тоза ва ягон савту навои нав ва таҳияи клипи ғайриоддие, ки тавонад  мардуми ҳунардўстро суйи худ бихонад.

-Агар Ғолибҷон таклифи барқарор намудани дуэти   “Эҳсон” -ро кунад, қабул мекунед?

-Гурўҳи «Эҳсон» албатта як мактаби шогирдонаи аввалини мо дар ҷодаи шоу-бизнеси санъати  тоҷик буд  моро дар он солҳо. Имрўзҳо ману Ғолибҷон байни худ танҳо рақобати дўстонаи солим дорем. Барои баргашта якҷо шудан ҳаргиз  розӣ намешавам, зеро ки айни замон  ҳар кадоми мо ба роҳи худ равон аст ва дар дилу дидаи мардум аллакай дар алоҳидагӣ ҷойи худро пайдо кардаем.

-Саломат бошед.

 

 

 

 

 

5 комментариев

Comments RSS
  1. Фаришта

    Салом Валичони зебо… Ту дар калби ман чой гирифтаи ва доимо сурудхои туро гуш мекунам. Агар ин номаи маро хони посухатро навис. Фариштаи аз ишки ту харобгашта. (Ба ту гуфтанихои зиёде дорам, аммо инчо нависта наметавонам.) Дукони прасрор чоп кунед

    • Бахруллочон

      Ха духта вай мардак зан дора… Мо хамичадаем ку… Ина почтаи ма бнавис чак чак мекнм. Ма аз Валичона зеботарум. (rsulchik@)

  2. Манижабону аз Исфара

    Акаи Валичон, илтимос ба номи ман як суруд сароед.

  3. Клараи фархори

    Я хочу открывать эти двери,
    За которыми спит океан,
    Выходить босиком на берег,
    В предрассветный легкий туман.
    Я хочу бежать на закате
    По песку в объятья твои
    И в обнимку всю ночь до рассвета
    Говорить о нашей любви.
    Я хочу подарить тебе танец Валичон
    На обрыве над бездной в ночи,
    Чтобы платье мое развевалось,
    Словно пламя горящей свечи.
    Я хочу, чтобы это лето
    Не кончалось уже никогда,
    Но следы на песке размыла
    Голубая от слез вода.

  4. Гуля

    дар хаетам касеро чун у бад намебинам,намедонам дар у чи ефтаед,,?

Назари хешро бинависед/ Оставьте свой комментарий